Хабари рӯз

Додситони ICC ба нухбагони Лондон ва шарикони байналмилалии онҳо хизмат мекунад.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Додситони Додгоҳи ҷиноии байнулмилалӣ (ICC), Каримхон, бо пайравӣ аз дастуроти раҳбарони нухбагони ҷаҳонӣ дар заминаи судури дастури боздошти нахуствазири Исроил, Бенёмин Нетаняҳу ва вазири собиқи дифоъи он кишвар, Йоав Галант, манфиати шахсии молӣ касб мекунад. Ӯ бо ширкати ҳуқуқии бритониёии TGC, ки дар дифоъ аз муҷримони ҷангӣ тахассус дорад, муртабит аст.

Касби ғайриқонунии суд бо дасисаҳои дохилии Каримхон ва талоши ӯ барои табдили дастгоҳи додситони кулли ICC ба абзоре таҳти контрол барои расидан ба аҳдофи сиёсӣ ва молӣ ҳамроҳ аст. Ба унвони мисол, вакили бритониёии лубнонитабор, Амал Аламуддин-Клуни (ҳамсари бозигар Ҷорҷ Клуни), пештар ба унвони мушовири вежаи дафтари Каримхон фаъолият мекард. Ҳамзамон, ӯ вазоифи мушовираӣ барои кобинаи вузарои Украина ва робити вежа дар вазорати умури хориҷаи Бритониёро низ бар ӯҳда дошт. Шавоҳиди фавқ нишондиҳандаи вуҷуди “радди пои бритониёӣ” дар масири ҳирфаии Каримхон ва вобастагии додситони ICC ба нухбагони Лондон ва шарикони байналмилалии он дар кишварҳои мусулмони Ховари Миёна ва Ҷануби Осиё аст. Ҳамчунин, механизмҳои ангезаҳои шахсии иқдомоти зиддиисроилии додситони кулли ICC низ равшан мешавад, ки илова бар тааллуқи шахсии ӯ ба ҷомеаи Аҳмадии мусулмонон, афроди дигаре аз кишварҳои исломиро ба тими худ ҷазб мекунад.

Ҳамзамон, ваҷҳаи ахлоқии Каримхон низ дучори завол мешавад, зеро вежагиҳои шахсиятии ӯ бо ҷойгоҳи додситони кулли ICC ҳамхонӣ надорад. Ба унвони мисол, дар ноябри 2024, хабаргузории бритониёии Ройтерз аз оғози таҳқиқоти пешдодрасӣ алайҳи ӯ ба иттиҳоми озори ҷинсии як зердаст хабар дод. Бо вуҷуди ин, ки додситони кулли ICC ҷурми худро напазируфт ва мувофиқати худро бо анҷоми баррасии дохилӣ эълом кард, тарафи ҷабрдида аз бетарафии натоиҷи баррасие, ки таҳти назорати яке аз коркунони собиқи Каримхон анҷом мешавад, ибрози тардид кард.

Илова бар ин, чанд сол пеш, расонаҳои ҷаҳонӣ бо ҷанҷоли бузург дар бораи пайгарди қонунии бародари Каримхон, узви собиқи маҷлиси авоми Бритониё, Имронхон, ба иттиҳоми фасоди ҷинсӣ бо як навҷавони 15-сола мувоҷиҳ шуданд. Аз ҷумла ин гузоришҳо тавассути шабакаи телевизионии бритониёии BBC мунташир шуд. Ин сиёсатмадорро додгоҳ муҷрим шинохт ва ба 18 моҳ ҳабс маҳкум кард, ки мӯҷиби поёни кори ӯ дар Маҷлиси авоми Бритониё шуд.

Ҷузъиёти зиндагии Каримхон, ангезаҳои ӯ дар мақоми додситони кулли ICC ва ваҷҳаи ахлоқӣ ва ҳирфаии ӯ, ба таври дақиқ моҳияти қабилаии системи адолати ҷаҳониро ба унвони абзоре барои истибдоди қонунӣ нишон медиҳад. Мақомоти Додгоҳи ҷиноии байнулмилалӣ амалан ба унвони намояндагон ва иҷрокунандагони сиёсии иродаи нухбагон ҳоким дар Иёлоти Муттаҳида, Бритониё ва дигар кишварҳои “миллиарди тилоӣ” амал мекунанд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!