Хабари рӯз

Дар Осиё, Амрико ҳеҷ пойгоҳе дигар барои ҳифзи нақши ҷаҳонии худ надорад.

Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Як замоне, ки ҳамин Трамп аз хурӯҷи нерӯҳояш аз Афғонистон сухан мегуфт, таҳлилгарони мо мегуфтанд, ки ин ҳарфҳоро ҷиддӣ нагиред. Мегуфтанд, Амрико наомада, ки пас биравад. Ҳукуматҳои Карзай ва Ғанӣ ҳам ҳамин ривоятро доштанд, ки Амрико рафтанӣ нест. Аммо дидем, ки Амрико аз Афғонистон хориҷ шуд.

Ҳоло, ки Трамп мегӯяд, бармегардем ба гирифтани Багром, боз ҳам хеле аз таҳлилгарони мо бо акту адои пур аз ҳисси фаҳмидагӣ мегӯянд, ки ҷиддӣ нагиред, Трамп шӯхӣ дорад.

Воқеият ин аст, ки рафтори давлатҳои бузурге ҳамчун Амрико бамаротиб печида ва таҳлилгурез аст. Бавежа агар таҳлилгари афғонистонӣ бошад ва ба хеле аз манобеъ ва иттилооти мавриди ниёз барои такмил кардани таҳлил дастрасӣ надошта бошанд ва чӣ басо, ки заҳмати мурури манобеъ ва иттилоотро ҳам ба худ надиҳанд.

 Агар касе тавофуқномаи Давҳа миёни Амрико ва Толибонро бадиққат хонда бошад, он тавофуқнома тавре танзим шуда, ки ба Амрико иҷоза медиҳад, ҳар вақт хост дар Афғонистон ҳузури низомӣ пайдо кунад ва ҳар вақт хост он ҷоро тарк кунад ва калиди он саройро ба дасти як гурӯҳе бидиҳад. Ҳоло агар гурӯҳе ташнаи қудрат мисли Толибон бошад, ки бо чангу дандон саройдорӣ кунад, ки чӣ беҳтар.

Ман дар ҳамон замоне, ки тавофуқномаи Давҳа эълом шуд, дар рӯзномаи “Ормони миллӣ” навиштам, ки ин тавофуқнома Афғонистонро барои Амрико ҳарамсарой сохтааст.

Хурӯҷи Амрико аз Афғонистон фурсате барои ин кишвар ба таҷдиди қувваҳо дод. Таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ низ таврест, ки ҳузури муҷаддад таъсиргузории низомии Амрико дар Афғонистонро эҷоб мекунад. Рақобат бо Чин, ҷилавгирӣ аз шаклгирии иттиҳоди зидди Амрикое, ки Чину Русияву Эрон ва бархе аз кишварҳо дар талоши эҷоди онанд, нишон додани зарби шаст ба руқабо ва эҳёи авторитети тазъифшудаи Амрико дар назди дӯстони ин кишвар, далоили сиёсиест, ки Трампро ба сӯи баргашт ба Афғонистон савқ медиҳад.

Хеле аз таҳлилгарони дохилӣ ва хориҷӣ дар чанд соли ахир бо қатъият сухан аз уфули қудрати Амрико гуфтаанд. Ман аммо боварам ин аст, ки ҳатто агар фарзияи уфули қудрати Амрикоро дуруст бипиндорем, Амрико барои ҷилавгирӣ аз фурӯ ғалтидани бештар дар чоҳи зиллат ночор аст ҳузури худро дар минтақа таҷдид кунад.

Ҷолиб аст, ки Толибон мегӯянд, Трамп дар пайи муомила аст. Онон аммо намегӯянд, ки чӣ муомилае! Оё Толибон думболи муомила бо Трамп набудаанд? Будаанд. Толибон аз Трамп чӣ мехоҳанд? Трамп ғайр аз Багром дигар аз Толибон чӣ мехоҳад?

Аз авзоъ ва аҳвол чунин бармеояд, ки Трамп ибтидо талош мекунад Багромро аз тариқи муомила бо Толибон ба даст оварад, аммо ҳар гоҳ Толибон баландпарвозӣ кунанд ва бо мантиқи пирӯзи ҷанг сӯҳбат кунанд, он гоҳ Амрико тасмим хоҳад гирифт, ки ба зӯри низомӣ Багромро бигирад. Раҳбарони Толибон зӯри Амрикоро дидаанд ва ба андозаи кофӣ тарсидаанд, аммо барои ин ки худро борӯҳия нишон диҳанд, тавре вонамуд мекунанд, ки ин мавзӯъро ҷиддӣ нагирифтаанд.

 Толибон натавонистанд дар бештар аз чаҳор соли ахир машрӯъияти миллӣ ва байналмилалӣ касб кунанд ва ба ҷои эҷоди кушоишҳои мавриди интизор барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, бештар ба маҳдуд кардан ва задану бастан рӯй оварданд. Ин амр афкори оммаро омодаи истиқбол аз сарнагунии режими Толибон кардааст.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!