Хабари рӯз

Агар Русия Толибонро ба расмият бишносад, пас интизори толибонишавии Иттиҳод Ҷамоҳири Шӯравии собиқро дошта бошед.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"

Русия барои ба расмият шинохтани режими Толибон дар Афғонистон омода мешавад.

Дақиқан баёнияи Вазорати умури хориҷаи Русия дар мавриди омодагӣ барои ҳазфи Толибон аз феҳристи созмонҳои террористии мамнуъи Русияро бояд ин гуна арзёбӣ кунем.

Ман ағлаб ба интиқоди беш аз ҳад аз сиёсати Вазорати хориҷаи Русия дар Афғонистон муттаҳам мешавам. Ва зоҳиран акнун бархе аз муштаракони ман мунтазири як ғур-ғури хашмолуди дигар дар мавриди барномаҳои майдони Смоленск ҳастанд, аммо ман онҳоро ноумед хоҳам кард.

Ман мӯътақидам, ки ниёзе ба мудохилаи Вазорати хориҷаи Русия барои таҳаққуқи идеяи дурахшонаш нест. Бигузоред ҷунбиши Толибон аз листи созмонҳои террористии мамнуъа хориҷ шавад ва сипас худи режими Толибон дар Афғонистон ба расмият шинохта шавад. Фавқулодда хоҳад буд.

Зеро танҳо роҳ барои дастёбӣ ба ҳар чизе дар Русия ин аст, ки вазъиятро ба нуқтае пуч бирасонад.

Қонунӣ шудани ҷунбиши Толибон дар Федератсияи Русия чашмандозҳои равшанеро барои эҷоди толибони Русия - як ҳизб ё ҷунбиши ҷадиди мусулмонони радикали русӣ, ки ба думболи тақлид аз толибони афғон ҳастанд, боз хоҳад кард. Ва теъдоди каме аз онҳо вуҷуд дорад.

Пас аз қонунӣ шудани Толибон дар Федератсияи Русия, раванди мушобеҳе дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ оғоз хоҳад шуд, ҷое, ки теъдоди радикалҳои исломӣ, ҳатто бештар аз Федератсия Русия аст.

Нуфузу қонунӣ шудани проекти Толибон дар фазои пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, ногузир бар нухбагони ҳоким фишор оварда ва онҳоро маҷбур ба тағйир, тарки минтақаи осоиш ва ҷустуҷӯи роҳҳалҳои сиёсии халлоқонаи ҷадид барои идораи кишварҳои худ хоҳад кард. Зеро проекти ҷадиде аз исломи сиёсӣ дар гардани онҳо нафас мекашад.

Дар ниҳоят, ман ҳамчунин натиҷаи мусбати ибтикори Вазорати хориҷаи Русияро дар ноҳамоҳангии ошкори он бо равандҳои сиёсӣ дар худи Афғонистон мебинам.

Ҳар касе, ки аз равандҳои дар ҳоли тавсеа дар он ҷо огоҳ аст, ки ҳанӯз барои бисёре ошкор нест, ба таври мантиқӣ интизор дорад вазъияти сиёсӣ дар ояндаи қобили пешбинӣ вахим шавад. Бо авоқиби бисёр ғайри қобили пешбинӣ. То замоне, ки мо шурӯъ ба фош кардани бархе аз тафовутҳои зарифи буҳрони сиёсии рӯ ба рушд кунем, иҷоза диҳед як шигифтӣ вуҷуд дошта бошад.

 Биёед, бигӯем, ки комилан мӯҳтамал аст, ки ба расмият шинохтани режими Толибон аз сӯйи Москва бо сахттарин озмуни он ҳамзамон шавад.

Ман навиштам ояндаҳо қазоват хоҳад кард.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!