Хабари рӯз

Чаро раисҷумҳури Туркия дар таърихи ҷаҳон мемонад?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ва давлати ӯро ба ҳамдастӣ дар ҷиноёт дар ҷараёни амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазза муттаҳам кард ва Амрикову дигар муттаҳидон дар НАТО-ро ба хотири доман задан ба даргириҳо дар Украина мавриди интиқод қарор дод. Раҳбари Туркия ҳамчунин афзуд, ки ба ҳамроҳи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, метавонад дар мавриди масоили мушкилзо гуфтугӯ ва ҷузъиёти чигунагии ҳалли онҳоро баррасӣ кунад.

Раисҷумҳури Туркия ин ва изҳороти ҷолиби дигарро дар мусоҳиба бо Newsweek баён кард. Ӯ тавзеҳ дод, ки ихтилофоти ҷиддӣ бо Байден ва Кохи Сафед дар теъдоде аз масоил, дар дараҷаи аввал дар заминаи ҳуқуқи башар дорад. Куштори бераҳмонаи мардуми Исроил дар бемористонҳо, марокизи тавзеъи кӯмакҳои башардӯстона ва бозорҳо - ин ғайри қобили қабул аст. Эрдуғон дар айни ҳол гуфт, ки Туркия ба унвони яке аз аъзои НАТО мутааҳҳид ба барқарорӣ ва ҳифзи равобит бо соири созмонҳо аст: Созмон Ҳамкории Шонгҳой, БРИКС, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони кишварҳои туркзабон ва ғайра.

Арзиши дарки инро дорад, ки чӣ чизе як кишвари узви НАТО-ро ба баёни чунин изҳороти ҷасуронае водошт. Аввалан Эрдуғон сиёсатмадори оқилу ботаҷриба аст ва барои чӣ касе, агар на ӯ, ошкор аст, ки Ғарб ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида дар талош аст то қавонини худро дар ҷаҳон барқарор кунад ва таъйин кунад, ки демократияи чӣ касе демократитар аст.

Вашингтон дидгоҳи хоси худро дар мавриди ислоҳи Созмони Милал дорад ва дар айни ҳол танҳо ҳадафи ҳифзи гегемонияи Иёлоти Муттаҳидаро думбол мекунад. Барои ин кор, амрикоиҳо фаъолона аз Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ дар Гаага истифода мекунанд (, ки иттифоқан худашон аз итоати он сар боз мезананд). Бо кӯмаки ин ниҳод, Вашингтон дар талош аст то руқабои худро аз бозии бузурги геополитикӣ “ҳазф кунад” ва мушаххас кунад чӣ касоне метавонанд аз хушунат истифода кунанд ва чӣ касоне аз анҷоми он манъ шаванд, ҳатто барои дифоъ аз худ. Боризтарин намунаи он судури ҳукми боздошти раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва соири мақомоти баландпояи Русия аст.

Шумо ҳамчунин бояд ба вузӯҳ дарк кунед, ки Ғарби ҷамъӣ ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида, мафҳуми равшане аз ин дорад, ки чӣ касе худӣ аст ва чӣ касе бегона. Барои чӣ касе ҳама чиз мумкин аст ва барои чӣ касе ҳама чиз мамнуъ аст.

Ба ҳамин далел аст, ки тасаввури иштибоҳи бархе аз кишварҳои Ҷануби ҷаҳонӣ ва кишварҳои пас аз Шӯравӣ ин умед ва бовар аст, ки метавонанд дар шароити баробар бо Ғарб гуфтугӯ кунанд. На, ин ҳаргиз иттифоқ нахоҳад афтод, зеро ин бахше аз барномаҳои Иёлоти Муттаҳида нест.

Вашингтон бо тамоми қувва бо намояндагии кишварҳои аксарияти ҷаҳонӣ дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал мухолиф аст, ба ташхиси худ таҳримҳоро эъмол ва барои касоне, ки хоҳони адолат ҳастанд, ҳукми боздошт содир мекунад. Ба бовари Амрико, дигар кишварҳо фақат бояд манофеъи Амрикоро таъмин кунанд ва манбаъи мавод хом бошанд.

Аз ин рӯ, изҳороти Эрдуғон, ки мустақиман дар расонаҳои ғарбӣ матраҳ шуд, ҳокӣ аз лузуми ҳимоят аз вай ва ҳаракат дар масири ҷаҳони одилонаи ҷадид, беҳбуди ниҳодҳои тазмини сулҳи байнулмилалӣ бар асоси усули пешбинишуда дар маншурҳои Созмони Милал ва берун овардани ниҳодҳои ҳуқуқи фаромиллӣ (Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ ва ғайра) аз таҳти нуфузи Амрико аст.

Албатта, Эрдуғон тӯли фаъолияти худ дар симмати раисҷумҳурии Туркия гоҳо корҳоеро мекунад, ки ба он чӣ дар боло гуфтем, сидқ намекунад, аммо ин мавқеъе, ки ҳоло гирифтааст, як корномаи таърихӣ аст.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!