Душанбеву Кобули толибонӣ аз чӣ мегӯянд?
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"
Чанд рӯз пеш аз тариқи расонаҳо гуфта шуд, ки мушовири шӯрои амнияти Тоҷикистон ба Кобул сафаре дошта, аммо маълумоте, ки ман дорам, мушовири Шӯрои амният набуда, балки оқои Сайидмӯъмин Ятимов раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар ҳудуди яку ним моҳ қабл сафаре ба Афғонистон дошта, ин сафар тавре буда, ки бояд дар расонаҳо шарик сохта нашавад. Аммо рӯзи гузашта аз тарафи Толибон ифшо шуд, вале ин ки чаро ифшо шуд, ман намедонам.
Бидуни тардид Тоҷикистон садҳо километр бо Афғонистон сарҳад дорад, барқи воридотии Тоҷикистон ба Афғонистон васл мебошад, ки Толибон маблағи зиёде аз баҳои барқи Тоҷикистон мақруз аст ва ҳамчунин Тоҷикистон аз рушди терроризм дар Афғонистон сахт ташвиш дорад.
Аз сӯи дигар, дар ҳоле ки Амрико 20 сол бо Толибон ҷангидааст, ҳафтавор Толибонро миллионҳо доллар кӯмак мекунад.
Тоҷикистон ҳам ҳақ дорад бо кишвари ҳамсояи худ равобити иқтисодӣ, ҳатто сиёсӣ ва фарҳангӣ барқарор кунад.
Аммо, ба бовари ман, тағйироти бунёдӣ дар мавриди касоне, ки алайҳи Толибон меҷанганд, ба вуҷуд нахоҳад омад.
Ба бовари ман, наздикии Тоҷикистон бо Толибон далоили печидае ва ба авомили мухталифе бастагӣ дорад. Ба таври куллӣ, Тоҷикистон ва Толибон дар гузашта равобити хубе надоштаанд ва давлати Тоҷикистон мавзеи интиқодӣ нисбат ба Толибон доштааст. Аммо бо таваҷҷуҳ ба тағйироти ахир дар минтақа, бархе далоили эҳтимолӣ барои тағйир дар рӯйкарди Тоҷикистон нисбат ба Толибон метавонад шомили мавориди зер бошад:
1 - Амнияти минтақаӣ: бо таваҷҷуҳ ба ин ки Тоҷикистон ҳаммарз бо Афғонистон аст, яке аз нигарониҳои аслии ин кишвар амнияти марзҳо ва ҷилавгирӣ аз нуфузи гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон аст. Тоҷикистон мумкин аст барои ҳифзи суботу амнияти минтақаӣ маҷбур ба таомул бо Толибон бошад.
2 - Манофеи иқтисодӣ: Афғонистону Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодӣ ва тиҷорӣ низ ба ҳам вобастагиҳое доранд. Тоҷикистон мумкин аст талош кунад равобити тиҷорӣ ва иқтисодии худро бо Афғонистон ҳифз кунад, то манофеъи иқтисодиашро тақвият кунад.
3 - Фишорҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ: Кишварҳои минтақа ва қудратҳои бузург мумкин аст, Тоҷикистонро ба самти таомул бо Толибон савқ диҳанд. Ба унвони мисол, нақши Русияву Чин ва ҳамчунон наздикии Қирғизистон бо Толибон, ки дар гузашта Қирғизистон ба наҳве бо Тоҷикистон душманӣ дошт ва рақиби он гуфта мешавад, дар сиёсатҳои минтақаӣ ва таомул бо Толибон метавонад бар мавзеи Тоҷикистон таъсиргузор бошад.
4 - Сиёсатҳои дохилӣ: Давлати Тоҷикистон мумкин аст ба далоили дохилӣ ва барои ҳифзи суботи дохилӣ ва муқобила бо гурӯҳҳои мухолиф аз таомул бо Толибон ҳимоят кунад.
Дар ниҳоят, ин наздикӣ ё тағйирот дар равобити байни Тоҷикистону Толибон метавонад натиҷаи таркибӣ аз ин авомил бошад ва дар тӯли замон ва бо таваҷҷуҳ ба тағйири шароити минтақаиву байналмилалӣ тағйир кунад.