Хабари рӯз

Дар Афғонистон бозии навин шуруъ мешавад.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"

Тайи се моҳи ахир маршал Осим Мунир, раиси артиши Покистон се мартаба ба Амрико сафар кардааст. Дар ин се бор сафар бар иловаи ин ки меҳмони хоси Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико буда, бо мақомоти истихборотӣ ва низомии Амрико низ диду боздидҳои муфассале доштааст.

Аз сӯи дигар бароям нуктаи ҷолиб ин ҷост, ки ду рӯз қабл тайёраи Шаҳбоз Шариф, раисҷумҳури Покистон, дар майдони ҳавоии хоси амрикоиҳо, ки танҳо тайёроти махсуси Доналд Трамп дар он иҷозаи нишаст доранд, нишаст мекунад. Дигар тайёраи ҳеҷ нахуствазир ва раисҷумҳуре дар он иҷозаи нишастро надоранд.

Ба ҳар сурат ин диду боздидҳоро одӣ тасаввур накунед. Ба бовари ман, бози навине дар Афғонистон дар ҳоли шаклгирӣ аст; Бозие, ки тарроҳи он на фақат Покистон, балки меҳвари он ниҳодҳои амниятӣ ва низомии ин кишвар, бавежа раиси ситоди артиш, Осим Мунир аст.

Ин ҳаракат бо ҳамоҳангии мустақими Амрико анҷом мешавад ва ҳадафи он бозчинии муҳраҳои қудрат дар идораи Кобул аст.

Дар гоми нахуст, раҳбари феълии Толибон ба ҳошия ронда мешавад. Чеҳраҳои нармтар, қобили қабултар ва наздиктар ба меҳвари Исломобод ва Вашингтон ҷойгузини онон мешавад.

Қудрат ба гурӯҳе супурда мешавад, ки беҳтар битавонанд бо ҷомеаи ҷаҳонӣ таомул кунанд ва ҳамзамон манофеъи геополитикии Покистон ва амниятии Амрикоро таъмин намоянд.

Пас аз ин интиқоли қудрат дар Афғонистон масир барои эҷоди як ҳукумати миллӣ ва нисбатан фарогир ҳамвор хоҳад шуд;

Ҳукумате, ки дар зоҳир намояндаи ақвом ва ақшори мухталифи Афғонистон бошад, аммо дар амал бо назорати бозигарони минтақаӣ ва байналмилалӣ, ба шумули Амрико ва Покистон ҳидоят шавад.

Покистон, бо таваҷҷуҳ ба умқи нуфузаш дар сохторҳои сиёсӣ ва низомии Толибон ва наздикии стратегӣ бо Ғарб, нақши калидӣ дар ин раванд ва ин бозии шатранҷ ифо мекунад.

Ин бозии печида ва чандлоя метавонад чеҳраи Афғонистонро дар солҳои оянда тағйир диҳад, аммо саволи муҳим ин аст: Оё ин тағйирот воқеан ба суди мардуми Афғонистон хоҳад буд, ё мӯҳрачинии дигарест барои такрори таърих?

Бовар ман ин аст, ки таърих як бори дигар такрор мешавад. Бисёр касоне мераванд ва бисёр касоне дубора меоянд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!